# Савол
Солшумории ҳиҷрӣ чист? Солшумории ҳиҷрӣ кай ва дар куҷо пайдо шудааст?
Солшумории хичри чист? Солшумории хичри кай ва дар кучо пайдо шудааст?
# Ҷавоб
Солшумории ҳиҷрӣ аз рӯзи ҳиҷрати пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) аз Макка ба Мадина оғоз меёбад, ки он мутобиқи 16 июли соли 622-и милодист.
Масалан, соли 2004 ба соли 1383 ҳиҷрии шамсӣ баробар аст. Солшумории ҳиҷрӣ шамсӣ (офтобӣ) ва қамарӣ (моҳтобӣ) мешавад. Солшумории шамсии ҳиҷрӣ 365 рӯз ва қамарӣ 10 рӯз аз солшумории шамсии ҳиҷрӣ камтар аст. Ин солшуморӣ асосан дар давлатҳои исломӣ дар истифода аст.