Дар азон гуфтан чанд ҷойи бими куфр аст, кадомҳоянд?

0

# Савол

Мегӯянд, ки дар азон гуфтан чанд ҷойи бими куфр аст, агар бошад кадомҳост? Муфассалтар мефаҳмондед. Дар азон гуфтан чанд чойи бими куфр аст, кадомхоянд?

# Ҷавоб

Дар азон гуфтан даҳ ҷо бими куфр аст, ҳар касе онро надонад, муаззиниро нашояд:

  1. “Алиф”-и “Аллоҳ”-ро мад кашад.
  2. “Бо”-и “Акбар”-ро мад кашад.
  3. “Ашҳаду”-ро “ашҳоду” хонад.
  4. “Ашҳаду”-ро “ашҳаду” (бо “ҳо”-и ҳуттӣ) хонад.
  5. “Ло илоҳа иллаллоҳ”-ро бе ташдид хонад.
  6. “Ашҳаду”-ро бе “алиф” гӯяд.
  7. “Мим”-и “Муҳаммад”-ро мад кашад.
  8. “Ҳайя ъалас-салот”-ро “ҳайё” гӯяд.
  9. “Ҳайя ъалал-фалоҳ”-ро бе ташдид гӯяд.
  10. “Аллоҳу Акбар”-ро “Акбор” гӯяд.

 

“Чоркитоб”, с. 46-47. Шӯрои уламо (775)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст