Монитор чист? Таърифи монитор аз фанни информатика

0

# Савол

Монитор чист? Таърифи монитор аз фанни информатика

# Ҷавоб

Монитор таҷҳизотест, ки раванди интиқоли иттилоотро аз компютер дар экрани худ инъикос менамояд ва мавҳеи иттилооти ба воситаи сафҳакалид ё муш ба компютер воридшудаистодаро дар экран нишон медиҳад.

Монитор яке аз қисмҳои асосии компютери фардӣ буда, барои ба экран баровардани иттилооти матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад.

Бо ёрии монитор раванди дохилкунии иттилоот ба хотираи компютер низ зери назорат гирифта мешавад. Мониторро дисплей (display – намоиш) ҳам мегӯянд.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст