Сайфи Фаргони кай ва дар кучо таваллуд шудааст?

0

# Савол

Сайфи Фарғонӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Сайфи Фаргони кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Сайфи Фарғонӣ

# Ҷавоб

Сайфуддин Муҳаммад, машҳур ба Сайфи Фарғонӣ аз шоирони маъруфи тоҷику форс буда, тақрибан соли 1232 дар Фарғона таваллуд шуда, байни солҳои 1307–1310 дар Оқсаройи Рум (Туркияи ҳозира) фавтидааст.

# Намунаи ашъор

Маро боз иттифоқ афтод ишқи саврболое,
Ки ҳуснаш маҷлисафрӯз асту рӯяш оламорое.

Маро султони ҳуснаш гуфт: «Агар аз баҳри мо дорӣ
Диле пурхун зи андӯҳе, саре машҳур зи савдое.

Аё бе ишқи ту чун май равонам фитнаангезе,
Аё бе зикри ту чун най забонам бодпаймое.

Чу васлат орзу дорам, нахоҳам зистан бе ту,
Раво дорӣ, ки ман мискин бимирам дар таманное.


Эй ки андар мулк гӯйӣ, мениҳам қонуни адл!
Зулм кардӣ, эй ишоротат ҳама беруни адл!

Ин амироне, ки беморони ҳирсанду тамаъ,
Ҳамчу сиҳҳат аз мараз дуранд аз қонуни адл.

Дасти чун шамшерашон ҳар соате дар пойи зулм
Бар сари майдони бедодӣ бирезад хуни адл.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)