Гулназар Келдӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Намунаи ашъор

0

# Савол

Гулназар Келдӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Гулназар Келдӣ.

Гулназар Келди кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кай вафот кардааст? Намунаи ашъори Гулназар Келди.

# Ҷавоб

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Шоир 13 августи соли 2020 бар асари вируси ҳамагири коронавируси Covid-19 ин дунёро тарк намуд.

# Намунаи ашъор

Ширинии ҳарфи даҳанам, ҷон Ватанам,
Атри нафаси ҳар суханам, ҷон Ватанам.
Номи ту бас аст дар радифи шеърам,
То пеши фалак ноз кунам, ҷон Ватанам!

Аз оташи ҷони ту гуфтам, гуфтам,
Аз сӯзи ниҳони ту гуфтам, гуфтам.
Мӯи сари ман ҷомаи пирӣ пушид,
Аз ишқи ҷавонии ту гуфтам, гуфтам. >>

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)