Баъди дуо даст ба рӯй молидан чӣ ҳукм дорад?

0

# Савол

Баъди дуо даст ба рӯй молидан чӣ ҳукм дорад? Илтимос бо далелҳо посух гӯед?

Баъди дуо даст ба руй молидан чи хукм дорад?

# Ҷавоб

Баъди дуо ба рӯй молидани дастҳо суннат аст. Соиб ибни Язид (р) мегӯяд: “Расули Худо (с) вақте дуо мекарданд, дастҳояшро бардошта, баъдан ба рӯй мемолиданд”. (Имом Байҳақӣ).

Ҳазрати Умар (р) ривоят мекунад: “Расули Худо (с) вақте дуо мекард, дастҳояшро мебардошт ва то вақте рӯяшро намемолид, онҳоро поён намекард”.(Тирмизӣ).

Шӯрои уламо (293)


# Савол

Оё даст ба рӯй молидан бидъат аст?

# Ҷавоб

Даст ба рӯй молидан бидъат не, балки суннат аст, зеро ҳазрати Умар (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад, ки он Ҳазрат (с) ҳар гоҳ дастони худро барои дуо мебардошт, то рӯяшро масҳ намекашид, онҳоро поён намекард. (Тирмизӣ, ҳадиси ҳасан).

Шӯрои уламо (288)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст