Принсипхо ва аломатхои демократия кадомхоянд?

0

#Савол

Принсипҳо ва аломатҳои демократия кадомҳоянд?

Аз Беном

#Ҷавоб

Демократия дорои принсипҳои худ мебошад. Яке аз ин принсипҳо принсипи аксарият мебошад. Он бо ду роҳ амалӣ мегардад: намояндагӣ ва бевосита.

Демократияи бевосита дар вақти гузаронидани интихоботҳо ва раъйпурсиҳо истифода мешавад.

Бартарии демократияи намояндагӣ дар он аст, ки ба органҳои давлатӣ ва қонунбарор шахсони баландихтисос ва касбӣ интихоб карда мешавад ва онҳо имконият доранд, ки қонун ва қарорҳои қабулшударо ҳаматарафа омӯзанд, таҳлил намоянд ва қабул кунанд. Асоси фаъолияти давлатӣ демократии ҳуқуқбунёдро принсипи конститутсионалистӣ ташкил менамояд. Мувофиқи он меъёрҳои ҳуқуқи новобаста ба ивазшавии ҳизбҳо ва рохбароне, ки дар сари ҳокимият буданд, ҷомеаи демократии фаъолияташро қатъ накарда, давом медихад.

Принсипи дигар бисёрҳизбӣ мебошад, ки дар он хамаи хизбҳо шароити якхела доранд, ки интихобкунандагонро ба тарафи худашон муттаҳид мекунанд ва барои ба даст овардани чойхо ба органхои намояндагии давлат мубориза мебаранд.

Яке аз принсипҳое, ки нақши муҳим дар ҷомеаи демократии мебозад, принсипи интихоботи озод мебошад. Дар ин ҷо махсусан шаҳрвандон иштироки озодона дар интихобот бе фарқиятҳои этникӣ, нажодӣ, динӣ доранд.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии