Принципхои хукуки оилави кадомхоянд?

0

# Савол

Принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ кадомҳоянд? Принципхои хукуки оилави кадомхоянд?

# Ҷавоб 

Ҳуқуқи оилавӣ барои ба амал баровардани вазифаҳои худ ба принсипҳои зерин такя мекунад:

– Баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ, сарфи назар аз миллат, нажод ва муносибаташон бо дин;

– баробарҳуқуқии зану мард дар ҳалли ҳама масъалаҳои оилавӣ;

– озодона ва ихтиёрӣ бастани ақди никоҳ.

– якканикоҳӣ ( моногамӣ );

– муҳофизат кардан ва ҳавасманд гардонидани модарӣ;

– тарбияи фарзандони ноболиғ ва таъмини онҳо;

– аз ҳалли масъалаҳои никоҳ ва оила ҷудо будани дин;

– дар зери назорати давлат озодона бекор кардани никоҳ;

– ҳамдами моддӣ ва маънавӣ, ғамхории ҳамдигарии аъзоёни оила.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст