Писар ё духтар будани кудаки зани ҳомиларо фаҳмидан ҷоиз аст?

0

# Савол

Занони ҳомила ба воситаи ташхиси ултрасадоӣ духтар ё писар будани ҳамлашонро мефаҳманд. Оё ин мухолифи Қуръон нест? Чунки тибқи фармудаи Қуръон панҷ чиз аст, ки касе онро намедонад. Илми ғайбро фақат Худо медонад. Шарҳ диҳед.

# Ҷавоб

Мафҳуми ояти 34-уми сураи “Луқмон” ин аст, ки он чи дар шиками занони ҳомила аст, писар ё духтар будани онро аз оғози марҳалаи нутфа то дамида шудани рӯҳ ба он фақат Худованд медонаду бас.

Аммо пас аз такмили хилқати ҷанин муайян кардани он ба василаи дастгоҳҳои ташхисӣ дар илми ғайб дохил намешавад.  Чунки баъзе пиразанони ботаҷриба аз рӯи ҳаракатҳо ва аломатҳои хосси зани ҳомила писар ё духтар будани ҳамли ӯро низ муайян карда метавонанд. Фаромӯш набояд кард, ки дастгоҳи ташхисӣ гоҳе дар муайян намудани ҳамли занон иштибоҳ ва хато мекунад ва акси воқеъиятро нишон медиҳад, ҳамон тавре ки некбахт ё бадбахт будани ҳамлро муайян карда наметавонад.

Шӯрои уламо (1050)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст