Оё масеҳиён кофиранд?

0

Оё масехиён кофиранд?


Худованд (азза ва ҷалл) фармуда аст:

لَقَدْ كَفَرَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ هُوَ الْمَسِيحُ ابْنُ مَرْيَمَ (المائدة:72)

“Ба ҳақиқат, касоне, ки мегӯянд: “Худо ҳамон Исо писари Марям аст” кофир шудаанд.” (Сураи Моида: 72).

Ин фатво бар ҷоиз ё ноҷоиз будани табрики соли нав нест.

Ин гуфта дашном нисбати касе ҳам нест.

Ин ибрози фикри ифротӣ ва ё тундгароӣ нест.

Балки сухани Холиқи Лоязол, Офаридгори Якто дар Каломи муқаддасаш Қуръон аст.
Бояд “об”- ро об номиду “оташ”- ро оташ. Номҳои ашёву ашхос баёнгари ҳақиқат ва моҳияти онҳо ҳастанд.

Раво нест онро иваз кард, таҳриф кард, номи дигаре монд. Хоссатан вақто Худованд он чиз ва ё он тоифа ва ё он касро ба он ном ё сифат ном бурда бошад.

Агар эътирозе ҳаст, пас бар Худованд аст. (Паноҳ аз эътироз намудан бар гуфтаҳои Худованд)

Кофар будани шахс ба ин маъно нест, ки ӯ (назди мо дар ин дунё) номуҳатарам бошад, молу номусаш беарзиш бошад.

Балки Худованд он касонеро, ки ба ӯ бовар надоранд ва ё ба ӯ чизи дигаре ё каси дигареро шарик сохтаанду Худо пиндоштаанд, кофар номида аст ва ҳамон Худованд бандагонеро, ки ба Ӯ Таъоло имон доранд, ба некиву эҳсон намудан ва бо беҳтарин муомилаи инсонӣ муносибат намудан бо кофарон амр намуда аст.

Агар чи бародарони имонӣ набошанд, бо мо бародаронӣ инсонианд.

Хоссатан яҳудиёну насрониён, ки дар истилоҳи қуръонӣ “кофарони аҳли китоб” ном доранд ва дар аҳкоми муъайяне аз кофарони бехудо фарқ доранд.

Дар ҳар коре, ки ба дину эътиқоди онон рабт надорад, метавон ҳамкорӣ кард ва дар берун аз доираи ибодатҳо, дур аз расму русумӣ динии онон, метавон бо онон додугирифту рафоқату садоқат кард. Модоме, ки ошкоро дар ҳолати ҷанг ва зараррасонӣ ба мусалмонон набошанд.

Дубора таъкид менамоям, ки ин фатвои ҳукме нест, балки баёни ин аст, ки кофар гуфтани кофарон ҷинояте нест, ифротӣ будан ҳам нест, балки ном бурдани васфи тоифаест, ки Худованд он васфро ба онон дода аст.

Ин танҳо яке аз даҳҳо оятест, ки Худованд яҳудиёну насрониёнро кофар хонда аст.


Иброҳими Саиднуриддин (аз саҳифаи фейсбукии муаллиф)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)