Таблиғ барои пешрафти сомона
#Савол
РАДИАТСИЯ ва РАДИОАКТИВ чи маъно доранд ва чи ҳастанд? Радиатсия бо забони точики, радиоактив бо забони тоҷикӣ
#Ҷавоб
Радиатсия гуфта, афканишоти ионофарро мегӯянд, ки нерӯи иониши моддаҳоро доранд. Ин афканишот метавонад фотонҳои баландэнергия аз қабили нурҳои рентгениву гамма ё зарраҳои бунёдӣ мисли электрону нейтрону протон бошанд.
Манбаи радиатсия моддаҳои радиоактивӣ ё реаксияҳои ҳастаӣ буда метавонанд.
Чи ҳастанд он моддаҳо?
Тамоми унсурҳое, ки дар ҷадвали даврии Менделеев баъди сурб-қурғошим меоянд радиоактив ҳастанд.
Радиоактивият ё худ коҳиши радиоактивӣ хусусияти худ аз худ бо сабабҳои дохилӣ ба ҳолати энергии устувор ё устувортар гузаштани ҳастаи атом мебошад.