# Савол
Оё аз моли ришва (пора, левак) закот воҷиб мешавад ё на?
# Ҷавоб
Паёмбар (с) фармудаанд:
الراشي والمرتشي في النار
Яъне: «Порадиҳанда ва порагиранда дар дўзаханд».
Гирифтани пора, миёнаравӣ ва додани пора, ин ҳарсе амал ҳаром аст ва аз моле, ки бо ришва ба даст омадааст, закот воҷиб нест. («Раддул-муҳтор», ҷ. 2, с.291, ҷ. 5, с. 99).
Шӯрои уламо (22)
