Оё мусиқӣ ҳаром аст? Оё мусики харом аст?

0

# Савол

Оё мусиқӣ ҳаром аст? Оё суруд ва мусики харом аст?

# Ҷавоб

Ҳамаи анвоъи мусиқӣ ҳаром нест, балки мусиқие, ки барангезандаи шаҳват ва даъват ба фаҳшу бадгӯӣ ва ташвиқ ба гуноҳ бошад, мамнуъ аст, зеро Расули Худо (с) ба Оиша (р) фармуданд:

“Духтарро ба онҳо додед?” Гуфт: “Бале”. Он Ҳазрат (с) боз фармуданд: “Оё фарди овозхонеро ҳамроҳи ӯ фиристодед?” Оиша (р) гуфт: “Не”. Расули Худо (с) фармуданд: “Ансор қавме ҳастанд, ки овозхон доранд, кош касеро бо ӯ мефиристодед ва ин сурудро мехонд: “Мо пеши шумо омадем, мо пеши шумо омадем, Худованд мову шуморо саломат нигоҳ дорад””.

(Ривояти Ибни Моҷа) Шӯрои уламо (636)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст