# Савол
Инкишофи инсон чист? Таърифи инкишофи инсон аз илми педагогика
# Ҷавоб
Инкишофи инсон – ин раванди ташаккулёбии фард, ки тавассути таъсири омилҳои зоҳирӣ ва ботинӣ, идорашаванда ва табиӣ рух медиҳад.
Таҳти фаҳмиши инкишоф равандҳои бо ҳам робитадори дигаргунии миқдорӣ ва сифатие, ки дар расиши анатомию физиологӣ, дар такомулоти системаи асаб ва рӯҳиёти одам рӯй медиҳад, ҳамчунин фаъолияти идрок ва эҷодкорӣ, ғанӣ гардидани ҷиҳатҳои ҷаҳонбинӣ, ахлоқӣ, ақидаҳои оммавию сиёсӣ ва эътиқодии вай фаҳмида мешавад.
