Омилхои истехсолот кадомхоянд?

0

#Савол

Омилхои истехсолот кадомхоянд? Омилҳои истеҳсолотро, ки марҷиналистон пешниҳод кардаанд, шарҳ диҳед.

#Ҷавоб

замин, меҳнат, сармоя ва фаъолияти соҳибкорӣ.

Замин ҳамчун омили табиӣ фаҳмида мешавад, ки он боигариҳои табиат, яъне канданиҳои фоиданок, заминҳои корам, ҷангал ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот – ин фаъолияти зеҳнӣ ё ҷисмонии инсон мебошад, ки барои офаридани неъматҳо ва расонидани хизматҳо равона шудааст.

Сармоя ҳамчун омили истеҳсолот, маҷмӯи воситаҳои истеҳсолот мебошад, ки аз тарафи одамон ба мақсади истеҳсоли неъматҳо ва хизматҳо ва барои ба даст овардани фоида ба роҳ монда мешавад.

Фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти мақсаднок ва ташаббускоронаи инсон буда, дар асоси таваккал ташкил меёбад ва мақсад аз он гирифтани фоида аст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии