Вакте инсон вафот мекунад, мулло бар синну соли у ду сол илова мекунанд. Чаро?

0

# Савол

Вақте инсон ин дунёро падруд мегӯяд, муллоҳо бар умри ӯ ду сол илова мекунанд. Чаро? Тарзи чунин ҳисоб чӣ гуна аст?

# Ҷавоб

Бояд донист, ки солшумории ҳиҷрӣ аз солшумории мелодӣ фарқ мекунад, яъне як соли   қамарӣ аз соли шамсӣ 11 рӯз кам аст. Барои ҳамин дар 30 соли шамсӣ як соли дигар изофа мекунанд. Пас аз марги инсон вақте умри ӯро ҳисоб мекунанд, агар майит бо ҳисоби мелодӣ 60 сол умр дошта бошад, тибқи солшумории қамарӣ 2 соли дигар ба он изофа мекунанд ва умри ӯро 62 сол қарор медиҳанд.

Шӯрои уламо (1369)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст