Номукаллафӣ чист?

0

# Савол

Номукаллафӣ чист?

# Ҷавоб

Номукаллафӣ гуфта, чунин ҳолати носолими рӯҳиву зеҳнии шахсро меноманд, ки бар асари он ӯ хавфнокии кирдорашро дарк карда наметавонад ё онро идора карда наметавонад.

Номукаллафӣ, яъне вазъи носолими рӯҳиву зеҳнии шахс бар асари бемории рӯҳии доимӣ, парешонҳолии муваққатии рӯҳӣ, заъфи ақл ё ҳолати дигари беморӣ рӯй медиҳад.

Мукаллафӣ яке аз асосҳои ҳатмии ҷавобгарии ҷиноятӣ аст. Агар он набошад, ҷавобгарӣ ҳам нест. Яъне, агар кирдори барои ҷамъият хавфнокро шахси номукаллаф содир намояд, пас ӯ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)