Дар бораи сатр дар кадом сураи Қуръони карим омадааст?

0

# Савол

Дар бораи ҳиҷоб ва сатр дар кадом сураи Қуръони карим омадааст? Дар бораи хичоб ва сатр дар кадом сураи Куръони карим омадааст?

# Ҷавоб

Оиди масъалаи сатр дар ояти 59-уми сураи “Аҳзоб” ва ояти 31-уми сураи “Нур” дастури Худованд омадааст.

Шӯрои уламо (1866)


Сураи Аҳзоб, ояи 59: “Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!”

Тафсири ин ояро инҷо бинед <<

Сураи Нур, ояи 31: Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони (ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед.

Тафсири ин ояро инҷо бинед <<

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии