Намудҳои ҷазо кадомҳоянд?

0

# Савол

Намудҳои ҷазо кадомҳоянд? Намудхои чазо кадомхоянд?

# Ҷавоб

Мувофиқи моддаи 47 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои ҷазо инҳо мебошанд:

  • а) корҳои ҳатмӣ;
  • б) ҷарима;
  • в) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;
  • г) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;
  • д) корҳои ислоҳӣ;
  • е) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;
  • ж) маҳдуд кардани озодӣ;
  • з) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;
  • и) мусодираи амвол;
  • к) маҳрум сохтан аз озодӣ;
  • л) якумра аз озодӣ маҳрум сохтан;
  • м) ҷазои қатл.
Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст