# Савол
Ассалому алейкум! Намози пешинро қазо намудем, баъдан ҳамаи 10 ракаатро қазо хонда мешавад ё инки 4 ракаати фарзашро қазо мехонем? Бояд пеш аз намози аср хонем ё инки баъди хондани намози аср?
Аз Аниса
# Ҷавоб
Воалейкум салом, хоҳари азиз.
1. Агар намози пешинро қазо намудед, танҳо 4 ракаат фарзи онро қазо мехонед.
2. Пеш аз намози асри ҳамон рӯз худ намози пешин аст ва метавонед то даромадани намози аср намози пешинро хонед. Баъди даромадани намози аср намози пешин қазо мешавад ва метавонед онро ҳамчун намози қазоӣ хонед.
Хондани намозҳо дар вақташон фарз аст, кӯшиш кунед намозҳоро дар вақташон барпо доред.

Ас-саляму алейкум барои занхои бемор тахорат 5 вактаро метавонанд дар як вакт бомдод ба ғусл вуду карда баъд ба дигар… Муфассал »
Ман кори давлати дорам дар Шахри Россия бомдод 8.35 ман сахар стати 4.30хеста номози бомдод мехнам бад кор мерам аз… Муфассал »