# Савол
Агар ман ба касе 100 сомонӣ диҳам ва ӯ дар давоми як сол 150 ва ё се баробари он, яъне 300 сомонӣ ба ман диҳад, оё ин дуруст аст? Оё ин қимор ё просент ҳисобида мешавад?
# Ҷавоб
Агар шумо дар вақти додани маблағ ба шахсе шарт гузоред, ки ман 100 сомонӣ медиҳам ва дар иваз шумо ба ман 120 ё 150 сомонӣ ва ё зиёда аз он медиҳед, ин навъи додуситад ҳаром ва нораво буда, рибо ҳисоб мешавад.
Шӯрои уламо (1950)
