# Савол
Муътазила чист? Мӯътазила / муътазилия / муътазилӣ чист?
# Ҷавоб
Мӯътазила вожаи арабӣ ва маънояш дуршуда ё ҷудошуда мебошад. Он яке аз аввалин ҷараёнҳои бонуфузи калом аст, ки муассисонаш Абӯҳузайфаи Восил ибни Ато (699 – 748) ва Амр ибни Убайд (ваф.744) мебошанд. Онҳо нахустин илоҳиётшиносони исломанд, ки ба таълимоти динӣ тамоюлоти хирадгароёна ворид сохта, усули умдаи динию фалсафиро ба вуҷуд овардаанд. Баъзе муҳаққиқони асрҳои миёна, аз ҷумла
Навбахтӣ таълимоти мӯътазиларо равияи бар зидди хилофати уммавиён равонашуда меҳисобанд, зеро мӯътазилиён баробари эътироф намудани халифаҳои рошидӣ халифати Алиро низ мепазируфтанд. Навбахтӣ афродеро, ки аз Алӣ ҷудо шуда ба муқобили ӯ наҷангидаанд, бунёдгузорони маънавии мӯътазила медонад.
