Закот маълумот. Ба шахси девона закот дихем кабул мешавад?

0

#Савол

Оиди закот маълумот медодед. Он қадар тавонгар нестам, агар ба ягон маҷнун 100 сомонӣ диҳам, закот ҳисоб мешавад. Закот маълумот. Ба шахси девона закот дихем кабул мешавад?

#Ҷавоб

Закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 20400 сомонӣ бошад. Пас аз гузаштани як сол ба андозаи 510 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.

Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ӯ закот фарз намешавад. Агар касе молики нисоб набошад ва ба шахсе маблағе диҳад, ин амалаш садақа ва эҳсон ҳисоб шуда, дар ивази он аҷру савоб мегирад, аммо закот ба ҳисоб намеравад.

Ба ашхоси маҷнун ва девона додани закот дуруст нест, вале агар ба сарпарасти ў диҳад, ҷоиз аст.

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2001)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии