Суоли шаръӣ – 10. Баъд аз як ё ду талок никох кардан шарт аст?
Никоҳ баъди талоқ
Суол:
Ассалому алайкум.
Умедворам, ки хубед.
Баъд аз як ё ду талоқ никоҳ кардан шарт аст?
Ҷавоб:
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон!
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Саломат бошед ва мо ҳам аз Худованд таманнои саломатӣ ва офияти шуморо дорем.
Бародари азиз!
Дар аввал бояд қайд кунем, ки масъалаи талоқ дорои ҷузъиёти зиёде аст, ки шарҳу тафсири ҳамаи он дар ин ҷо аз имкон берун аст.
Ғайр аз ин, мавзӯи талоқ нозукиҳои бисёре дорад, ки метавонад бо камтарин тағйирёбии ҷумлаи талоқдиҳанда ва ҳолати қарордоштаи ӯ ҳукми масъала тағйир ёбад.
Биноан, мо дар ин ҷо бо мақсади ҳосилшавии маърифати шаръии шумо ва дигар бародарону хоҳарон ба тақсимбандии талоқ, ки зимнан посухи шумо низ дар васати он гуфта мешавад, ба таври мухтасар ишора мекунем.
ТАҚСИМБАНДИИ ЛАФЗҲОИ ТАЛОҚ
Лафзҳои ҳангоми талоқ истифодашаванда аз ҷиҳати далолати ошкор ва ғайри ошкори он ба маънои талоқ, ба ду қисми зерин ҷудо мешаванд:
1. Лафзҳои сареҳ; (ошкор, возеҳ)
Лафзҳои сареҳ, ба монанди “талоқ” ва “татлиқ” ба лафзҳое гуфта мешавад, ки дар истифодаи забон танҳо ҳангоми талоқ ва бо мақсади лағв (бекор) сохтани ақди никоҳ ба кор мераванд.
Мисли он ки марде занашро мегӯяд: “Ту талоқӣ” ё “Ту талоқ шудаӣ” ё “Туро талоқ кардам” ё “Талоқатро додам.”
Азбаски ин лафзҳо барои шунаванда дар ифодаи маъно равшананд, онро “лафзҳои сареҳ” меноманд. Ин лафзҳо танҳо бо мақсади лағвсозии ақди никоҳ ба кор рафта, дар воқеъшавии талоқ ба ният ҳоҷате надоранд.
Зеро нақши ният он аст, ки як чизи номаълумеро маълум месозад, ҳол он ки дар далолати ин алфоз ба маънои талоқ ҳеҷ пӯшидагие мавҷуд нест. Ҳатто шахсе бидуни доштани нияти талоқ ин ибораҳоро ба забон орад, талоқ ба вуқуъ мепайвандад.
2. Лафзҳои киноя;
Лафзҳое, ки маънои он барои шунаванда номаълум ва пӯшида аст, ба гурӯҳи “лафзҳои киноявӣ” дохиланд.
Ба таври мисол, мард ба ҳамсараш “Аз наздам бархез ва бирав” ё “Дафъ шав” ё “Рӯятро набинам” мегӯяд.
Азбаски ин лафзҳо ба таври ошкор ба маънои талоқ далолат намекунанд, аз ин сабаб “лафзҳои киноявӣ” ба ҳисоб мераванд. Зеро киноя дар забон ба лафзе гуфта мешавад, ки мурод аз он барои шунаванда пӯшида бошад.
Ҳукми алфози киноявӣ бинобар ҳолатҳои ғазаб, хусумат байни марду зан, ба ҳангоми гуфтугӯи масъалаи талоқ аз ҳамдигар фарқ мекунад ва дорои ҷузъиятҳои зиёд аст.
[Ниг: Имом Абӯбакр Аҳмади Косонӣ; Бадоеъу-с-саноеъ; 4/238]
ТАҚСИМБАНДИИ ТАЛОҚ БА ЭЪТИБОРИ СИФАТ
Талоқ бо истифода аз лафзҳои сареҳ ва кинояи он, ба эътибори сифат ба ду қисм ҷудо мешавад:
1. Талоқи раҷъӣ;
Калимаи “раҷъӣ” ё “риҷъӣ” аз решаи калимаи “руҷӯъ” сохта шуда, ба маънои “баргардонидани зан аз ҷониби шавҳар дар давоми иддаи зан, бе бастани ақди никоҳ” аст.
[Ниг: Доктор Муҳаммад Абдурраҳмон Абдулмунъим; Муъҷамулмусталаҳот ва-л-алфози-л-фиқҳия; с/128,129]
Имом Косонӣ (р) маънои истилоҳии онро чунин оварда аст:
“Нигоҳ доштани моликияти мавҷуд ва манъи он аз завол ёфтан”.
[Ниг: Абӯбакр Аҳмади Косонӣ; Бадоеъу-с-саное; 4/395]
Яъне, вақте ки байни зану мард талоқи раҷъӣ воқеъ шавад, мард дар давоми иддаи зан метавонад бо гуфтани “Туро баргардондам” ё анҷоми амалҳое мисли ҷимоъ, ламси бо шаҳват, назари бошаҳват ба шармгоҳ ӯро баргардонад ва ба бастани ақди никоҳи нав ҳоҷат намебошад.
Лекин вақте иддаи зан дар талоқи раҷъӣ сипарӣ шавад, он ба талоқи боин табдил ёфта ва танҳо бо бастани ақди нав метавонад бо ҳамсараш зиндагӣ кунад.
Ин навъи талоқ ва ҳукми он дар Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ ба субут расида аст.
Худои Таъоло бо ишора ба ин навъи талоқ мефармояд:
وَبُعُولَتُهُنَّ أَحَقُّ بِرَدِّهِنَّ فِي ذَٰلِكَ إِنْ أَرَادُوا إِصْلَاحًا
“Ва шавҳаронашон ба баргардондани онҳо (ҳамсаронашон) дар замони интизории идда (аз дигарон) ҳаққи бештар доранд, агар онҳо қасди ислоҳ шудан дошта бошанд.”
[Бақара: 227]
Инчунин аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) Ҳафсаи духтари ӯро талоқ доданд. Баъдан ӯро баргардонданд.
(Ривояти Абӯдовуд ва Ҳоким бо санади саҳеҳ)
Аз Анас ибни Молик (р) ҳам ривоят аст, ки Паёмбар (с) Ҳафса (р)-ро як талоқ доданд. Ҷабраил (а) ба назди он кас омад ва гуфт: “Эй Муҳаммад (с)! Чаро Ҳафсаро талоқ додӣ, дар ҳоле ки вай зани бисёр рӯзадор ва шабзиндадор буда, дар ҷаннат низ ҳамсари ту аст?!”
Баъд аз ин сухан Паёмбар (с) боз ӯро баргардонданд.
(Ривояти Ҳоким ва имом Заҳабӣ (р) яке аз ровиёни ин ҳадисро “шахси дар ривоят заиф” гуфта аст.)
БАРОИ РАҶЪӢ БУДАНИ ТАЛОҚ ИН ШАШ ШАРТ ЗАРУР АСТ
Фуқаҳо мегӯянд, агар мард ба ҳамсараш “Ту талоқӣ” гӯяд бар асоси шаш шарти зерин ин гапи гуфтаи ӯ талоқи раҷъӣ мебошад:
• Байни мард ва ҳамсараш баъд аз ақди никоҳ ҳамбистарӣ ё хилвати саҳеҳ воқеъ шуда бошад, чунки агар баъд аз ақди никоҳ ва қабл аз ҳамхобагӣ ё хилвати саҳеҳ ҳамсарашро талоқ диҳад, “талоқи боин” ба ҳисоб меравад;
• Талоқ бидуни иваз воқеъ шавад, чунки агар мард ҳамсарашро дар ивази мол талоқ диҳад ва масалан “Ту дар муқобили 1000 сомонӣ талоқӣ” гӯяд ва ҳамсараш инро қабул кунад, “талоқи боин” ҳисоб меёбад;
• Калимаи талоқ бо адади се ҳамроҳ набошад, зеро агар шавҳар зани худро “Ту се талоқӣ” гӯяд, талоқи “боини кубро” воқеъ мешавад;
• Калимаи талоқ аз васфи он ба “боин” холӣ бошад, зеро агар мард ба ҳамсари худ “Ту талоқи боин ҳастӣ” гӯяд, “талоқи боин” воқеъ мегардад;
• Калимаи талоқ аз васфаш ба сифати ифодагари дараҷаи олитарин холӣ бошад, зеро агар мард ҳамсарашро “Ту бадтарини талоқӣ” ё “Ту сахттарини талоқӣ” гӯяд, “талоқи боин” ба вуҷуд меояд;
• Монанд накардани талоқ ба ашёи дорои азамат, зеро агар шавҳар ба сурати мисол, ҳамсарашро “Ту ба мисли кӯҳ талоқӣ” гӯяд, дар ин ҳолат байни онҳо “талоқи боин” воқеъ мешавад.
[Ниг: Имом Абӯбакри Косонӣ; Бадоеъу-с-саноеъ; 4/244 ва Муҳаммад Зайди Ибёнӣ; Шарҳ-ул-аҳкоми-ш-шаръия фи-л-аҳволи-ш-шахсия; с/304-306]
2. Талоқи боин;
Вожаи “боин” аз феъли “бона-ябийну” дар забони арабӣ ба маънои “ҷудошавӣ” омада аст. “Талоқи боин” ба талоқе гуфта мешавад, ки мард бе бастани ақди нави никоҳ ҳаққи баргардондани занашро надорад.
[Ниг: Профессор Муҳаммад Равоси Қалъаҷӣ; Муъҷаму луғати-л-фуқаҳо; с/95]
Яъне, вақте мард ҳамсарашро талоқи боин кунад, бидуни ақди никоҳ ӯ бо ҳамсараш дубора зиндагӣ карда наметавонад.
Талоқи боин дар навбати худ аз ду қисми зерин иборат аст:
1. Боини суғро;
Талоқи боини суғро бо як талоқи боин ё ду талоқи боин воқеъ гашта, шавҳар дар давоми идда ва пас аз он метавонад бо бастани ақди ҷадид бо ҳамсараш дубора зиндагӣ кунад.
Фарқи талоқи раҷъӣ аз боин дар ҳамин аст. Яъне, дар талоқи раҷъӣ дар давоми иддаи зан бастани ақди нав шарт нест, вале дар талоқи боин мард бо занаш чӣ дар давоми идда бошад ва чӣ баъди он танҳо пас аз бастани ақди нави никоҳ зиндагӣ карда метавонад.
2. Боини кубро;
Мақсад аз “талоқи боини кубро” се талоқа аст.
Вақте мард занашро се талоқ кунад, он зан аз шавҳараш ҷудо шуда, дигар онҳо бо бастани ақди нави никоҳ, на дар давоми идда ва на пас аз он ҳаққи якҷо зиндагӣ кардан надоранд, магар ин ки он зан бо марди дигаре бо ҳадафи барпо намудани зиндагӣ никоҳ карда, байнашон ҳамхобагӣ сурат гирад ва вақте байни зан ва шавҳари ҷадидаш ҷудоӣ ба вуқӯъ пайвандад, он зан баъд аз гузаштани иддааш метавонад бо шавҳари аввалааш ақди нав баста ва дубора зиндагӣ кунанд.
Ин ҳукм ба сароҳат дар ояти 230-и сураи “Бақара” омада аст.
[Ниг: Доират-ул-маорифи фиқҳии кувейтӣ; 29/29]
ХУЛОСАИ ПОСУХ
Бо дар назардошти ин тавзеҳи мухтасар, посух ба пурсиши шумо он аст, ки агар шавҳар занашро чӣ як ва чӣ ду талоқи боин карда бошад, баъд аз ин танҳо бо бастани ақди никоҳи нав метавонанд дубора зиндагӣ кунанд, аммо ба шарти он ки байни он ду “талоқи боини кубро” ё ҳамон се талоқа воқеъ нагашта бошад ва илло ҳукми масъала тағйир меёбад ва мо ба таври кӯтоҳ ба он ишора кардем.
Лекин агар мард ҳамсарашро “талоқи раҷъӣ” кунад, дар ин ҳолат дар давоми идда ба бастани ақди нав ҳоҷат нест, балки танҳо бо гуфтани “Ман туро баргардондам” ё анҷоми амалҳои шаҳвонӣ ҳаққи бо ӯ зиндагӣ кардан дорад.
Бинобар ин, вақте масъалаи талоқ ба таври мушаххас пеш омад, бояд шавҳар ё зан ба шахси аз аҳкоми талоқи шаръӣ огоҳ муроҷиат намояд ва бо тарҳи сурати мушаххаси он ва бидуни пинҳон кардани ҳеҷ ҷузиёти он ҳолат ба пурсишаш посух гирад.
Суоли 10, Иброҳими Саиднуриддин, санаи ҷавоб: 05.01.2022.