# Савол
Муаллифи китоби Самаки Аёр кист?
# Ҷавоб
Фаромуз ибни Худодод ҷамъкунандаи китоби «Самаки Айёр» мебошад, на муаллифи он. Ӯ дар оғози ин асар дар ин бора равшан навиштааст: «Чунин гӯяд ҷамъкунандаи ин китоб Фаромуз». Китобҳое монанди «Самаки Айёр» муаллифи муайяне надоранд, зеро онҳо аз ҷумлаи насри ривоятӣ буда, аз тарафи касони зиёде нақл шудаанд. Чунончи, муҳтавои «Самаки Айёр» чанд аср пештар аз он ки аз тарафи Фаромуз ибни Худодод дар шакли китобе ҷамъоварӣ шавад, дар шакли достон – қиссаву ривоятҳои ҷудогона дар бораи корномаҳои Самак, Шағоли Пилзӯр, Сурхвард ва айёрони дигар, ишқи Маҳпарию Хуршедшоҳ дар байни мардум маълум будаанд ва онҳоро ровиён, гӯяндагону қиссахонон–қавволон мехондаанд. Яке аз ҳамин гуна гӯяндагон Садақа бинни Абулқосими Шерозӣ будааст, ки аз забони ӯ Фаромуз ибни Худодод достони «Самаки Айёр»-ро дар охирҳои давраи салҷуқӣ ва замони муғул китобат намудааст.
«Самаки Айёр» достони бузург мебошад, ки онро ба истилоҳи имрӯзӣ «роман» меноманд.
