Оё дар мазорҳо қироат кардани оятҳои Қуръони карим ҷоиз аст?

0

# Савол

Оё дар мазорҳо қироат кардани оятҳои Қуръони карим ҷоиз аст? Шахсе гуфт, ки мумкин нест. Агар имконият бошад, аз ҳадиси саҳеҳ мефаҳмондед.

# Ҷавоб

тиловат кардан дар сари қабр ё мазор ҷоиз аст ва дар ин бора уламои мазҳаб ҳеҷ ихтилофе надоранд. Дар ин бора ҳадисҳои зиёде ворид шудааст, аз он ҷумла ба ривояти Абдуллоҳ ибни Умар (р).

Инчунин аз Абдурраҳмон ибни Ало ривоят аст, ки бобояш Лаҷлоҷ (р) пеш аз маргаш чунин васият кард: “Пас аз дафни ман назди сарам оятҳои аввал ва охири сураи “Бақара”-ро бихон, зеро ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки чунин мегуфт”. (Ривояти Табаронӣ).

Фаромӯш набояд кард, ки ҳадисҳои Пайғомбар (с) танҳо дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ маҳдуд намешаванд, балки китобҳои ҳадиси саҳеҳ зиёданд.

Шӯрои уламо (1774)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст