Мард гӯяд, ки зани мегирифтагиамро талоқ кардам, талоқ воқеъ мешавад?

0

# Савол

Оё пеш аз никоҳ мард гӯяд, ки зани мегирифтагиамро талоқ кардам, талоқ воқеъ мешавад ё на? Агар воқеъ шавад. Мард чӣ бояд кунад?

# Ҷавоб

Аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дар ин масъала пас аз ақди никоҳ ҳамсари ин шахс як талоқи раҷъӣ мешавад. Ҳукми талоқи раҷъӣ ин аст, ки пас аз руҷуъ ба зан (яъне бӯса ё оғӯш кардани зан) дубора никоҳашон дуруст мешавад. Лекин беҳтар аст, ки ду шоҳид барои руҷуъаш ҳозир намояд.

Ногуфта намонад, ки масоили талоқ тафсилоти бештарро талаб мекунад, аз ин рӯ, беҳтар аст, ки ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.

Шӯрои уламо (748)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст