Маънои номи Спитамен? Гузоштани ин ном аз руи конун?

0

# Савол

Маънои номи Спитамен чи мебошад? Ва аз руйи номгузории забони точики мондани номи Спитамен ичозат аст?

Аз Некбахт

# Ҷавоб

Дуруд ба шумо Некбахт.


Маънои калимаи Спитамен дар вожаҷӯ чунин омада:

Спитамен, Сапитамон سپیتمان (паҳлавӣ) 
1. мураккаб аст аз сапият ва мон аз адоти иттисоф, яъне дорандаи сапедӣ ва дорандаи лакаҳои сапед;
2. номи нуҳумин падари Зардушт аст, яъне ҷадди ҳаштуми ӯ. Дар “Мураввиҷу-з-заҳаб” Асбимон ва Истимон ва дар “Таърихи Табарӣ” Сифамон забт шудааст;
3. номи дигари Зардушт, Зардушти Спитамон.


Номи мазкурро дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон дарёфт кардем ва гузоштанаш аз рӯи қонун иҷоза аст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии