Маълумот дар бораи фарзҳо ва суннатҳои таҳорат

0

Суоли шаръӣ – 7. Маълумот дар бораи фарзхо ва суннатхои тахорат.


Суол:

Дар бораи фарзҳо ва суннатҳои таҳорат мегуфтед кадомҳоанд. Қаблан сипос

Ҷавоб:

Ба номи Худованди Илҳомбахш.

Пеш аз ҳама ба Шумо бародари гиромӣ мехоҳам аҳсан хонам. Офарин, ки дар андешаи шинохти фарзу суннатҳо ва дуруст намудани ибодатҳои худ ҳастед. Дониш доштан нисбати ибодатҳо ва шакли дурусти анҷоми он бар ҳар фарди мусалмон фарзи ҳатмӣ аст.

Ҳар ки дар шинохти аҳкоми ибодатҳояш кутоҳӣ намояд, ба ҳақиқат амали фарзеро тарк карда аст ва тарки фарз муҷиби иқоб дар охират аст.

Худоро паноҳ.

Фаҳми ин донишҳо ҳамон донишест, ки Паёмбар (с) дар ҳадиси саҳеҳ фармуданд:

“Талаби илм бар ҳар мусалмон фарз аст.” [Ривояти Ибни Моҷа, ҳадиси 224].

Зеро наҷоти инсон ва саодати абадии ӯ дар охират мавқуф бар дуруст анҷом додани ибодатҳои ӯ дар ин ҳаёт аст.

Вузӯ ин поксозии худ аз ҳолати ҳадас (бетаҳоратии маънавӣ) аст, ки он яке аз шартҳои дуруст шудани намоз аст.

Худованд (ҷ) фармуда аст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ (المائدة, 6).

“Эй муъминон, чун қасди адои намоз кардед, (дар ҳоле, ки вузӯ надошта бошед) пас таҳорат кунед. Ба ин тартиб, ки рӯй ва дастонатонро бо оринҷҳо бишӯед ва саратонро масҳ бикашед ва пойҳои худро бо ду шитоланг (буҷулак)- и он бишӯед.”

[Сураи Моида, ояи 6].

Имом Бухорӣ ва имом Муслим ривоят кардаанд, ки:

“Ҳазрати Усмон (р) рӯзе об хост. Сипас бо он об дастони худро (то банди даст) се маротиба шуст, сипас мазмаза кард (даҳони худро шуст) сипас бинии худро шуст ва оби онро афшонид. Сипас рӯи худро се маротиба шуст баъди он дасти росташро бо оринҷ се маротиба шуст сипас дасти чапи худро чунин кард сипас ба сари худ маҳс кашид. Сипас пойи росташро бо шитолинг се бор ва баъди он пойи чапи худро инчунин се бор шуст ва сипас гуфт: Фиристодаи Худо (с)-родидам, ки ҳамингуна, ки ман вузӯ гирифтам, вузӯ гирфитанд.”

[ривояти Бухорӣ, ҳадиси 164. Муслим, 226].

Пас аз ояти мазкур маълум мегардад, ки фарзҳои таҳорат чаҳор аст:

  1. Шустани рӯй;
  2. Шустани ду даст бо оринҷҳо;
  3. Масҳ кашидан бар сар;
  4. Шустани пойҳо бо буҷулакҳо.

Фарз бо шустани як маротибаи ин узвҳо адо мегардад, ва се маротиба шустани ҳар узв суннат аст, ки дар суннаҳои таҳорат зикр хоҳад гашт.

СУННАТҲОИ ТАҲОРАТ

Суннатҳои таҳорат (тибқи мазҳаби ҳанафӣ) амалҳои зеринанд:

  1. Пеш аз вузӯ гирифтан худро бо коғази ташноб ё кулӯх ва санг хуб пок намудан.
  2. Ният кардан;
  3. Таҳоратро бо “Бисмиллоҳ” (бо зикри номи Худованд) оғоз намудан;
  4. Ду дастро то банди даст шустан;
  5. Бо об истинҷо (поксозии махраҷ) намудан;
  6. Ба вақти шустани даҳон дандонҳоро бо мисвокчӯб, ё бо ангушт мисвок (молиш дода тоза) намудан;
  7. Даҳонро се бор шустан;
  8. Барои ҳар маротибаи даҳон ва биниро шустан обҳои тоза гирифта, бо тартиб аввал даҳон, сипас биниро шустан;
  9. Даҳон ва биниро бо дасти рост шустан;
  10. Даҳону биниро бо муболаға (яъне, пурра ва ба некӣ шустан, ба ин шарт, ки шахс дар ҳолати рӯзадорӣ набошад, зеро дар ҳоли рӯзадорӣ мебояд эҳтиёт кунад, то об ба гулӯяш наравад) намудан;
  11. Узвҳои вузӯро бо тартибе, ки дар оят зикршуда аст, шустан;
  12. Ҳар узверо, ки шуста мешавад, далк (молиш) додан, то хуб тар шавад;
  13. Узвҳоро пайҳам шустан;
  14. Ҳар узверо се маротиба шустан;
  15. Шустанро аз даст ва пойи рост оғоз намудан;
  16. Шустани дасту пойро аз сари ангуштон оғоз кардан;
  17. Миёни ангуштони дасту пойро хилол (бо ангушти даст молиш) додан;
  18. Ҳамаи сарро пурра, як маротиба масҳ кашидан;
  19. Сарро аз тарафи пешонӣ ба сӯи пушти сар масҳ кашидан;
  20. Дарун ва беруни гушҳоро бо обе, ки аз масҳи сар боқӣ монда аст, масҳ кашидан;
  21. Ришро хилол (ангуштони дастро аз зери манаҳ даруни риш даровардан) намудан.

Лозим аст, то қайд намоем, ки дар суннат ва ё мустаҳаб (амали нек, сутуда, одоб) будани баъзе амалҳои таҳорат миёни фақеҳон ихтилофи назар аст.

Масалан, имом Косонӣ зикр карда аст, ки хилол намудани риш назди имом Абуҳанифа ва имом Муҳммад аз ҷумлаи мустаҳабҳо ва назди имом Абуюсуф аз ҷумлаи суннатҳост. Имом Қудурӣ дар Мухтасари худ онро аз ҷумлаи суннатҳо шуморида аст.

Инчунин имом Шурунбулолӣ далк (баъди ҷори намудани об бар узв, он узвро молиш додан)-ро аз ҷумлаи суннатҳо хонда аст, ки дар дигар мабаъҳои фиқҳӣ онро аз ҷумлаи одоби вузӯ хондаанд.

Инчунин, иддае аз фақеҳон масҳи гарданро суннат ва иддаи дигар аз ҷумлаи одоб гуфтаанд.

Бинобар ин, фақеҳон дар теъдоди суннатҳо якчанд ададро зикр кардаанд, ки ба ҳамин эътибор аст.

Масалан, имом Алоуддини Самарқандӣ дар “Туҳфат-ул-фуқаҳо”, инчунин имом Косонӣ дар “Бадоеъ-ус-саноеъ” суннатҳои таҳоратро 21 амал, ва имом Шурунбулолӣ дар Мароқи-л-фалоҳ 18, имом Қудурӣ дар Мухтасар 9 амал, аллома Ваҳбат Зуҳайлӣ дар “Мавсуат-ул-фиқҳи-л-исломӣ” 17, ва дар “Ал-фиқҳул ҳанафи-юл-муяссар” 23 то зикр кардаанд.


Ҷавоб бо такя бар манбаъҳои зерин таҳяи гашта аст:

1) ”Туҳфат-ул-фуқаҳо.” Алоуддини Самарқандӣ. (ваф, 539 ҳиҷ).
2) “Бадоеъ-ус-саноеъ.” Алоуддини Косонӣ. (ваф, 587).
3) “Алкитоб.” Абулҳасанӣ Қудурӣ (428 ҳиҷ).
4) “Ал-фиқҳул ҳанафи-юл-муяссар.” (доктор Ваҳбат Зуҳайлӣ (ваф, 2015).
5) “Ал-фиқҳул ҳанафӣ фи савбиҳи-л- ҷадид.” (доктор Абдулҳамид Таҳмоз) (ваф, 2010).


Суоли 7, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 10.12.2021.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст