#Савол
Агар дар нохунҳо лак бошад, таҳорат дуруст мешавад ё на? Имруз аксарият занону духтарон аз лак истифода мебаранд. Оё бо ин лак таҳорат ё ғусл дуруст мешавад ё не?
#Ҷавоб
Лак доштани нохунҳо монеъи расидани об ба нохун мегардад, аз ин рӯ, таҳорати чунин шахсе дуруст намешавад. Инчунин ғусл низ дуруст намешавад.