# Савол
Оё Зардушт пайғамбар (паёмбар, пайгамбар) буд?
# Ҷавоб
Навад дарсади муаррихон, чи исломӣ ва чи ғайри исломӣ Зардуштро паёмбар намегӯянд, балки ӯро ҳаким ё мунаҷҷим медонанд. Дар ҳеҷ як аз ривоятҳои исломӣ ва дар дигар китобҳои муқаддаси илоҳӣ чун Тавроту Инҷил ва Забур зикре аз шахсияти Зардушт ба миён наомадааст. (“Ал-мадхал фӣ диросотил-адён”, ҷ. 1, с. 42)
Шӯрои уламо (892)
