Маҳри зан чанд сомонӣ меистад?

0

# Савол

Маҳри зан чанд сомонӣ меистад? Масалан, ман зангирам, оё зан чӣ қадаре маҳрашро гӯяд, бояд он миқдорро бидиҳам ё ки худам чӣ қадаре хоҳам, медиҳам? Агар ин гуна аст, оё метавонам ангуштарини тилло ё гӯшвор ва он бояд чанд грамм бошад?

Махри зан чанд сомони меистад?

# Ҷавоб

Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ камтарин миқдори маҳр 10 дирҳами шаръӣ (тақрибан 500 сомонӣ) аст ва он набояд аз ин миқдор кам шавад. Таъйини аз ин миқдор болотари маҳри зан вобаста ба ризояти тарафайн сурат мегирад ва зан ҳаққи таъйин кардани онро дорад, шумо метавонед, ки дар маҳри занатон ангуштарин ё гӯшвораи тилло диҳед.

Шӯрои уламо (608)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст