Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Намунаи ашъор

0

# Савол

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ.

Кори Рахматуллохи Возех кай ва дар кучо таваллуд шудааст? Кадом сол вафот кардааст? Намунаи ашъори Кори Рахматуллохи Возех.

# Ҷавоб

Возеҳ соли 1818 дар яке аз марказҳои илмии ҳамонвақта, дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст.

Соли 1894 дар Бухоро вафот кардааст.

# Намунаи ашъор

Аз хубси нафс масдари сад фитшву шаранд,
Чун аждаҳо калиди дари ганҷу гавҳаранд.
Дар иддаои рутба зи афлок бартаранд,
Чун нек бингарӣ, ба ҳақиқат, ком аз харанд.

Дар луғоти форсӣ, туркию ҳам лафзи араб
Бурдам аз майдони даъвӣ гӯйи сабқу бартарӣ,
Ҳар қадар шеъре, ки бошад хуб дар ин се забон,
Андар ин даврон накарда кас чу ман гирдоварӣ.
Шеър гуфтан низ дар ин се забон дар ин замон
Шоиреро нест ҷуз ман ҷуръати нутқоварӣ.

Не меҳру вафои дӯстдорон монад,
Не душмании кинагузорон монад.
Не маҳвашии лолаъизорон монад,
Не ғамкашии синафигорон монад.

Ин абр, ки бар сари чаман мегиряд,
Бар хандаи насрину суман мегиряд.
Не-не, ки ба ғурбат аз ситамҳои фалак
Бар ҳоли ғариби зори ман мегиряд.

Манбаъ

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)