Кадом рӯзҳо барои ҳамхоба шудан бо ҳамсар хуб аст?

0

# Савол

Аз дидгоҳи Ислом кадом рӯзҳо барои ҳамхоба шудан бо ҳамсар хуб аст? Баъзе мегӯянд, ки рӯзи якшанбе мумкин нест, аз нигоҳи баъзе рӯзҳои душанбе ё чоршанбе мумкин нест.

Аз дидгохи Ислом кадом рузхо барои хамхоба шудан бо хамсар хуб аст?

# Ҷавоб

Аз нигоҳи  дини мубини Ислом ҳамхоба шудан бо ҳамсар рӯз ё соати муайян надорад, фақат дар рӯзҳои ҳайз ва нифоси зан, инчунин дар рӯзҳои моҳи Рамазон ва рӯзҳои ҳаҷ барои шахси муҳрим манъ аст. Масоили хамхобагӣ аз ҷумлаи асрори хонаводагӣ аст ва ба табиати марду зан вобаста аст. Дар кадом рӯзе, ки хоҳиш бошад, ягон маҳдудият надорад, бояд, ки зан дар ин ҳолат, агар узре надошта бошад, имтиноъ ва худдорӣ накунад.

Шӯрои уламо (889)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст