Пайдоиши намози витри вочибро баён мекардед

0

# Савол

Барои чӣ дар ҳолати нахондани намози витри воҷиб онро қазо медоранд? Пайдоиши намози витри воҷибро баён мекардед.

# Ҷавоб

Намози витр дар назди имом Абӯҳанифа (рҳ) воҷиб мебошад, аз ин рӯ, дар мазҳаби ҳанафӣ ин намоз ҳукми воҷибро дорад ва дар ҳолати гузаштани вақти он воҷиб аст, ки қазои он ба ҷо оварда шавад.

Намози витр баъд аз фарз шудани намозҳои панҷгона машруъ шудааст, чунонки Расули Худо (с) ба асҳоби худ фармудаанд: “Худованд барои шумо намози дигаре афзуд ва он намози витр аст, пас онро дар фосилаи миёни намози хуфтан ва намози бомдод бигузоред”. (Ривояти Аҳмад, Ҳоким ва Табаронӣ)

Шӯрои уламо (1889)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст