Суоли шаръӣ – 13. Дар баёни фазилати Рузи Арафа. Рузи Арафа чи руз аст? Чаро Арафа ном дорад?
Суол:
Ассалому алайкум ва рамҳатуллоҳ.
Бародари азиз!
Рӯзи Арафа кай аст ва чӣ фазилатҳо дорад.
Дар бораи ин рӯз ва чӣ тоату ибодатҳо кардан дар он каме мегуфтед.
Ҷавоб:
Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Бародари гиромӣ!
Рӯзи Арафа ин рӯзи 9-уми Зулҳиҷҷаро мегӯянд, ки имсол (2025) ба 6-уми июн (рӯзи ҷумуа) муофиқ аст.
РӮЗИ АРАФА ЧӢ РӮЗ АСТ?
Дар рӯзи нуҳуми моҳи Зулҳиҷҷа ҳоҷиён баъд аз тулӯъи офтоб аз минтақаи Мино ҳаракат намуда ба сӯи сарзамини муқаддас, ба кӯҳи Арафот мераванд ва дар онҷо то ғуруби офтоб бо тоату ибодат, тиловату қироат, зикру дуо, тасбеҳу таҳлил машғул мешаванд ана ин рӯз ба рӯзи Арафа машҳур гардидааст.
ЧАРО АРАФА НОМ ДОРАД?
Дар сабаби номгузории он ба номи “Арафа” донишмандон чанд қавл зикр кардаанд, ки дар ҳеҷ яке аз онҳо ҳадиси саҳеҳ ворид нагардидааст танҳо ақволи аҳли илм аст. Чанде аз он қавлҳоро зикр мекунем.
Якум: Аллоҳ Таоло ҳангоме, ки падари башарият Одам (ъ) ва модар Ҳаворо аз ҷаннат берун карду якеро дар як тарафи дунё ва дигареро дар дигар тарафи дунё фуруд овард, онҳо солҳои дароз дар ҷустуҷӯи якдигар буданд. Баъди ҷустуҷӯҳои дуру дароз бо ҳамдигар дар ин макон вохӯрда бо ҳам шинос шуданд. Аз ин сабаб ин маконро ба “Арафа” номнузорӣ шуда ва рӯзе, ки ҳоҷиҳо дар он ҷо меистанд, рӯзи арафа номида шудааст.
Дуввум: Ба он сабаб арафот номгузорӣ шудааст, ки ҳар сол ҳоҷиҳо аз тамоми дунё омада дар рӯзи арафа бо ҳам шинос мешаванд. Аз ин калимаи “шиносоӣ” гирифта маконро арафот ва он рӯзро арафа номидаанд.
НОМИ ДИГАРИ ИН РӮЗ
Ин рӯз дар Қуръони карим ба номи “Машҳуд” низ зикр гардидааст.
Ба ин хотир ин рӯзро “Машҳуд” (мушоҳида шуда) номидаанд, ки малоикаҳо ва мардум файзу баракате, ки Худованд ба мардуми арафот ва тамоми мардум дар ин рӯз нозил мешударо мушоҳида менамоянд.
Худованд дар сураи Буруҷ ба ин рӯз савганд ёд кардааст ва савганд ёд намудани Ӯ Таоло ба чизе, далолат бар азамату бузургии он чиз мекунад. Ӯ Таоло фамудааст.
وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الْبُرُوج وَالْيَوْمِ الْمَوْعُودِ وَشَاهِدٍ وَمَشْهُودٍ
“Қасам ба осмони дорандаи бурҷҳо; (Яъне: дувоздаҳ бурҷи осмон) ва қасам ба рӯзе, (Яъне: рӯзи қиёмат) ки ваъда карда шудааст; ва қасам ба гувоҳ (яъне; рӯзи ҷумъа) ва он чи, ки ба он гувоҳӣ дода шудааст (яъне; рӯзи арафа)”. (Сураи Буруҷ: 1,2,3).
АРАФА РӮЗИ КОМИЛ ГАШТАНИ НЕЪМАТ АСТ
Дар ин рӯз Аллоҳ Таоло ба Паёмбар (с) оятеро нозил намудааст, ки дар он ба камол расидани динро баён намудааст. Чунончи дар ҳадиси шариф омадааст.
عَنْ عُمَرَ بْنِ الْخَطَّابِ أَنَّ رَجُلًا مِنَ الْيَهُودِ قَالَ لَهُ : يَا أَمِيرَ الْمُؤْمِنِينَ، آيَةٌ فِي كِتَابِكُمْ تَقْرَءُونَهَا لَوْ عَلَيْنَا مَعْشَرَ – الْيَهُودِ – نَزَلَتْ لَاتَّخَذْنَا ذَلِكَ الْيَوْمَ عِيدًا، قَالَ : أَيُّ آيَةٍ ؟ قَالَ : { الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا }. قَالَ عُمَرُ : قَدْ عَرَفْنَا ذَلِكَ الْيَوْمَ وَالْمَكَانَ الَّذِي نَزَلَتْ فِيهِ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : وَهُوَ قَائِمٌ بِعَرَفَةَ يَوْمَ جُمُعَةٍ”
Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки марде аз яҳуд ба ӯ гуфт, эй амири муъминон дар китоби шумо ояте ҳаст, ки шумо онро тиловат мекунед, агар он оят бар мо яҳудиҳо нозил мешуд, ҳатман он рӯзро барои худ рӯзи ид қарор медодем. Умар (р) гуфт: кадом оят? Марди яҳудӣ гуфт:
“الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا”
“…Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам…”.
Умар (р) гуфт: “Мо он рӯз ва он маконеро, ки ин оят ба Паёмбар (с) нозил шуд, медонем. Ин оят ба Паёмбар (с) дар ҳоле нозил шуд, ки он ҳазрат рӯзи ҷумъа дар Арафот қарор доштанд”. (Ривояти Бухорӣ: 45).
РӮЗИ ИҶОБАТИ ДУОСТ
Дар ин рӯз мустаҳаб аст, ки бандаи муъмин бо дуову ниёиш машғул гардад ва ҳар дуое, ки медонад бо он Худоро дуо кунад, чун рӯзи иҷобати дуост. Чунончи Расули Худо (с) фармуданд:
عَنْ عَمْرِو بْنِ شُعَيْبٍ ، عَنْ أَبِيهِ ، عَنْ جَدِّهِ ، أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ : خَيْرُ الدُّعَاءِ دُعَاءُ يَوْمِ عَرَفَةَ، وَخَيْرُ مَا قُلْتُ أَنَا وَالنَّبِيُّونَ مِنْ قَبْلِي : لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Аз Амр писари Шуайб (р) аз падараш аз бобояш ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Беҳтарини дуо, дуои рӯзи арафа аст ва беҳтарин дуое, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтанд: “Ло илоҳа илаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ало кулли шайин қадир.” (Ривояти Тирмизӣ: 3585).
РӮЗИ МАҒФИРАТИ ГУНОҲОН АСТ
Дигаре аз фазилатҳои ин рӯз ин аст, ки рӯзаи рӯзи Арафа ду сола гуноҳро маҳв месозад. Дар ин бобат низ аз Расули Худо (с) ҳадисҳои бешуморе, ворид шудааст.
عن أبي قتادة الأنصاري رضي الله تعالى عنه: أنَّ رسول الله ﷺ سُئل عن صوم يوم عرفة، فقال: يُكفِّر السنة الماضية والباقية. رواه مسلم
Дар ҳадиси шариф аз Абӯқатодаи Ансорӣ (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (с)-ро аз рӯза доштани рӯзи Арафа пурсиданд, пас (Он ҳазрат с) фармуданд: “Худованд як сола гуноҳи гузашта ва як сола гуноҳи ояндаро мебахшад”. (Ривояти Муслим: 1162).
РӮЗИ ОЗОДӢ АЗ ОТАШИ ДӮЗАХ АСТ
Дар ин рӯз Аллоҳ Таоло бандагони зиёдеро аз оташи дӯзах озод мекунад, ки мисли он ба андозаи зиёд дар ҳеҷ рӯзе озод накардааст.
عَنِ ابْنِ الْمُسَيَّبِ ، قَالَ : قَالَتْ عَائِشَةُ : إِنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ : ” مَا مِنْ يَوْمٍ أَكْثَرَ مِنْ أَنْ يُعْتِقَ اللَّهُ فِيهِ عَبْدًا مِنَ النَّارِ مِنْ يَوْمِ عَرَفَةَ، وَإِنَّهُ لَيَدْنُو، ثُمَّ يُبَاهِي بِهِمُ الْمَلَائِكَةَ، فَيَقُولُ : مَا أَرَادَ هَؤُلَاءِ
“Ҳеҷ рӯзе аз рӯзи арафа дида, ки Аллоҳ Таоло дар он бандагони зиёдеро аз дӯзах наҷот диҳад, нест ва ҳамоно Аллоҳ Таоло ба бандагонаш наздик шуда дар назди фариштагон аз онҳо ифтихор намуда мегӯяд: Онон чӣ мехоҳанд?”. (ривояти Муслим:1348) дар ривояти ғайри Муслим идомаи ҳадис чунин омадааст:
” اشهدوا ملائكتي أني قد غفرت لهم”
“ Малоикаҳои ман шоҳид бошед, ки ҳамоно ман онҳоро бахшидам”
РӮЗИ АРАФА РӮЗИ ҲАҚИРУ ЗАБУН ГАШТАНИ ШАЙТОН АСТ
Азбаски Худои Таоло дар ин рӯзи Арафа гуноҳони бандагони зиёдро авфу бахшиш менамояду ба онҳо наздик шуда бо назари раҳмат ба бандагонаш назар менамояд, шайтон аз ин амал ба хашм омада худро ҳақиру паст мебинад. Чунончи дар ҳадис омадааст.
“مَا رُئِيَ الشَّيْطَانُ يَوْمًا هُوَ فِيهِ أَصْغَرُ وَلَا أَدْحَرُ وَلَا أَحْقَرُ وَلَا أَغْيَظُ مِنْهُ فِي يَوْمِ عَرَفَةَ ؛ وَمَا ذَاكَ إِلَّا لِمَا رَأَى مِنْ تَنَزُّلِ الرَّحْمَةِ، وَتَجَاوُزِ اللَّهِ عَنِ الذُّنُوبِ الْعِظَامِ، إِلَّا مَا أُرِيَ يَوْمَ بَدْرٍ “، قِيلَ : وَمَا رَأَى يَوْمَ بَدْرٍ يَا رَسُولَ اللَّهِ ؟ قَالَ : ” أَمَا إِنَّهُ قَدْ رَأَى جِبْرِيلَ يَزَعُ الْمَلَائِكَةَ”
“Ҳуҷ рӯзе шайтонро хору забунтар, ҳақиртар, рондашудатар ва хашмгинтар аз рӯзи арафа дида нашудааст, магар рӯзи Бадр ва он ҷуз ба сабаби он аст, ки нузули руҳмат ва авфу гузашти Худованд нисбати гуноҳони кабираи бандагонро мебинад”. Гуфта шуд: Эй Расули Худо (шайтон) рӯзи бадр чӣро дид? (Он ҳазрат с) гуфтанд: “Аммо рӯзи бадр бошад Ҷабраил (а)-ро дид, ки сафҳои малоикаҳоро меорост”. (Ривояти Молик: 1269).
САРЧАШМАҲО:
- Имом Бухорӣ. Саҳеҳи Бухорӣ.
- Имои Муслим. Саҳеҳи Муслим.
- Имом Тирмизӣ. Сунани Тирмизӣ.
- Имои Молик. Муваттаи Молик.
Суоли 13, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 05.06.2022.