# Савол
Ҷалолуддини Балхӣ кай ва дар куҷо таваллуд шудааст? Ҷалолиддини Румӣ / Балхӣ – Чалолиддини Руми / Балхи кай ва дар кучо таваллуд шудааст?
Намунаи ашъори Ҷалолуддини Балхи.
# Ҷавоб
Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ машҳур ба Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, ё Муллои Рум яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони халқҳои форс-тоҷик ба шумор меравад, ки 30 сентябри соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дар Қуния 17 декабри соли 1273 аз олам гузаштааст.
# Намунаи ашъор
Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзили тан махуспу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ,
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Ин мастии ман зи бодаи ҳамро нест,
Ин бода ба ҷуз дар қадаҳи савдо нест.
Ту омадаӣ, ки бодаи ман резӣ?
Ман он мастам, ки бодаам пайдо нест.
