Фотосинтез чист?

0

# Савол

Фотосинтез чист? Фотосинтез бо забони тоҷикӣ / точики

# Ҷавоб

Барои рушду нумӯи муътадили рустаниҳо об, моддаҳои маъданӣ ва органикӣ ниҳоят заруранд.

Об ва моддаҳои маъданиро рустанӣ аз хок қабул мекунад. Вале саволе пайдо мешавад, ки рустаниҳо моддаҳои органикиро аз куҷо мегиранд? Дар натиҷаи тадқиқот маълум гардид, ки рустаниҳо худашон қобилият доранд дар равшанӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ (об ва гази карбонати ҳаво) моддаҳои органикиро ҳосил кунанд. Ин ҳодиса раванди фотосинтез номида мешавад.

Фотосинтез чист?

Фотосинтез аз калимаи юнонӣ «фотос» – равшанӣ ва «синтезис» – пайвастагӣ, ҳосил мекунам, гирифта шудааст. Қобилияти фотосинтезкунӣ доштан ин хусусияти мутлақо фарқкунандаи рустаниҳои сабз мебошад. Тамоми моддаҳои органикие, ки дар мева, тухм, бехмева, лӯндамева, пиёзак ва ғайраҳо захира мешаванд, дар раванди фотосинтез ҳосил мегарданд.

Ботаника синфи 5

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст