# Савол
Итилоот намуд ва хосияти он. Иттилоот намуд ва хосиятхои он
# Ҷавоб
Иттилоот – маълумот дар бораи ягон ҳодиса, ашё, шахс, рӯйдод ва умуман муҳити атроф аст, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар ҳамон самти омӯзиш кам менамояд.
Иттилоот объекти моддӣ нест:
- ҳангоми аз як ҷой ба ҷойи дигар ирсол додан, вай дар ҷойи қаблӣ низ боқӣ мемонад;
- барои ирсол додан, онро тавассути ягон барандаи моддӣ тасвир мекунанд;
- новобаста аз намуди баранда, миқдори иттилооти интиқолёфта бетағйир мемонад.
Дар замони мо компютер бештар дар коркарди намудҳои зерини иттилоот мавриди истифода қарор гирифтааст: ададӣ, матнӣ, графикӣ, савту садоӣ, видеоӣ, аниматсионӣ ва чандрасонаӣ.

