Муаммохои шавковар #4

0

Барчаспи “Саволу ҷавоби шавқовар”, мақолаи навбатӣ бо саволу ҷавобҳои гуногуни илмиву мантиқӣ, муаммохои точики, чистонхои шавковар, муаммоҳо бо чавобхояшон иборат аст.

Саволу ҷавобҳоро хонед, муаммохои шавковарро бо чавобхояш мутолиа намоед, аз ҳама асос ба дӯстонатон сомонаи моро тавсия диҳед ва ин мақоларо дар шабакаҳои иҷтимоиятон ҳамрасонӣ (поделиться) кунед.


Саволу муаммоҳо

1
Х барои як кас вазнинӣ мекунад, барои ду кас айни муддаост. Агар се кас шавад Х вайрон мешавад. Х чист?

2
Тасаввур кунед, ки Шумо зимистон Австралия, баҳор Франсия, тобистон Англия ва тирамоҳ ИМА рафтед. Савол: Касби Шумо чист?

3
Ҳаммаамон портрети “Мона Лиза”-ро дидаем. Савол: Дар расм Мона Лиза бо дасти росташ чиро қапидааст?

4
Яке аз нависандагони машҳури рус имзои худро чунин мегузошт: Нави Волирк.
Савол: Ӯ кӣ буд?

5
Х ранг, бӯй, таъм ва маза надорад. Х барои ҳаёт зарурӣ нест, балки… аст.
Ҳам Х ва ҳам се нуқтаро Шумо ёбед!

6
Дар саҳро ду гурба давида истодаанд. Ранги якумаш сафед, ранги дуюмаш бошад сиёҳ аст. Суръати давидани онҳо маълум нест. Аввалин шуда кадом гурба арақ мекунад?

7
Маслиҳати муфиди равоншиносон. Ин амалро кардан машқи хеле хуб барои дастҳо ва ангуштон аст. Ин амал (кор) фишори хунро ба меъёр медарорад. Дарди дандон ва сарро бартараф мекунад. Ҳатто, иштиҳои одамро оварда, кайфияташро нағз мекунад. Савол: Ин кадом кор аст?

8
Платон – Афлотун
Аристотел – Арасту
Гиппократ – Шумо ёбед!

9
Х элементи кимиёвӣ нест. Вале, аз ҳамаи элементҳои кимиёвӣ дида сахттар аст. Бозори ҷаҳонии Х дар шаҳри Антверпен (Белгия) воқеъ аст. Х чист?

10
Якумин пайғамбар Одам (а). Дуюмин пайғамбар кист?

11
Амир Темур як калимаро хеле бад медид. Касе, ки ин калимаро истифода барад, ӯро қатл мекард. Ин кадом калима аст?

12
Қариб ҳамаи аспҳо 18 қабурға доранд. Вале, баъзе аспҳо 19 қабурға доранд. Кадом аспҳо 19 қабурға доранд?

13
Истифода бурдани Х ва У барои занҳо мумкин аст, барои мардҳо не. Х ва У-ро ёбед!

14
80%-и аҳолии СССР, ки дар соли Х таваллуд шудаанд, дар натиҷаи ҷанг ҳалок шудаанд. Х кадом сол аст?

15
Ин расм чанд маротиба калон карда нишон дода шудааст. Дар расм чӣ акс ёфтааст?


Ҷавобҳо

  1. Сир
  2. Теннисбоз (Australian open, Roland garros, Wimbledon, US open)
  3. Дасти чапашро
  4. Иван Крилов
  5. Об, ҳаёт
  6. Гурба арақ намекунад
  7. Пул ҳисоб кардан
  8. Буқрот
  9. Алмос
  10. Шис (а)
  11. Ланг
  12. Аспҳои тозӣ
  13. Тилло ва абрешим
  14. 1923
  15. Коғаз

Бознашр аз саҳифаи Заковат (Ҳамдамзода М.)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
0 ҷавоб
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии