Адл кардан миёни занон чӣ гуна аст?

0

# Савол

Адл кардан миёни занон чӣ гуна аст? Сода карда фаҳмонед.

# Ҷавоб

Адл кардан миёни занон дар зоҳир аст, яъне дар ғизову либос ва ҳамбистарӣ, аммо дар муҳаббат шарт нест ба ин маъно ки агар касе як ҳамсарашро нисбат ба дигараш бештар дӯст дорад, мавриди муохаза ва бозпурсӣ қарор намегирад, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Эй Парвардигори ман, он чизе, ки дар зоҳир аст, адл карда истодаам, вале дар чизе, ки дар ихтиёри ман нест ва молики он нестам, маро муохаза макун”.

Шӯрои уламо (632)


Сода карда гӯем, масалан ҳангоми харидани хӯрока бояд барои хонадони ҳамаи занон баробар харид кунед, дар либос ҳам ҳамин тавр, умуман дар ҳар чизе, ки зоҳир аст.

Дар ҳамбистарӣ (ҳамхобагӣ) низ ҳамчунин, масалан набояд як моҳ дар хонаи якеаш буду бо ӯ якҷоя буд ва дар хонаи зани дуюм танҳо як ё ду рӯз бошед. Бояд баробар ва ба навбат дар хонаҳои ҳама занҳо бошед.

Мудирият

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст