Ҳангоми боридани борон вақти қабули дуо аст?

0

# Савол

Мегӯянд, ки яке аз вақтҳои қабули дуо ин ҳангоми боридани борон аст. Оё ин гуфтаҳо ягон асос дорад? Агар ҳа лутфан пурра ҷавоб гӯед.

# Ҷавоб

Бале ин қавл асос дорад, зеро Расули Худо (с) фармуданд, ки «Дуо рад карда намешавад, ҳангоми азон ва дар зери борон». Дар ривояти дигар чунин омадааст: «Ҳангоме, ки азон гуфта мешавад, дарвозаҳои осмонҳо кушода мешаванд ва дуо иҷобат мегардад» (Абӯдовуд, Ҳоким)

Шӯрои уламо (378)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст