Мавлуди Пайғамбар (с)-ро ҷашн гирифтан / Мавлудхонӣ дар масҷид

0

# Савол

Мавлудхонӣ дар масҷидҳо мумкин аст ё на? Илтимос бо далел ҷавоб диҳед.

# Ҷавоб

Ёдоварӣ аз авсоди волои Паёмбари акрам (с) ва хондани ашъори мадҳӣ дар васфи он Ҳазрат (с) кори писандида ва амали мустаҳаб аст. Асл дар ин боб амали саҳобаи киром аст ва дар китоби «Саҳеҳ»-и Бухорӣ чанд ҳадис дар ин мазмун омадааст. Ҳассон ибни Собит (р) дар масҷид минбар ниҳода дар мадҳ ва авсофи Паёмбар назм иншо мекарданд ва асҳоби киром дар атрофи ӯ ҷамъ шуда гӯш мекарданд.

Ҷалолиддини Суютӣ дар китоби «Васоил»-аш овардааст: «Ҳар хона ё масҷид ё маҳаллае, ки дар он  мавлуди Расули Худо (с) қироат карда шавад, аҳли он ҷоро малоика ба раҳмат ва мағфират мепечонад». Бояд қайд намоем, ки ҳар сол дар моҳи мавлуд дар масҷидҳои кишвари мо ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) ҷашн гирифта мешавад ва аз ҷониби қориҳо дар васфи Пайғамбар (с) нашидҳо хонда мешавад.

Шӯрои уламо (578)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст