Дар Ислом хатна кардани зан ҷоиз аст?

0

# Савол

Дар Ислом хатна кардани зан ҷоиз аст? Вақте ҷоиз бошад, барои чӣ хатна кардан лозим аст? Сабабаш дар чист?

# Ҷавоб

Тибқи фармудаи Пайғамбар (с) ҳукми хатна барои мардон суннат ва барои занон мустаҳаб аст, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: «Хатна барои мардон суннат ва барои занон макрумат (амали нек ва хуб) аст».

Мавриди тазаккур аст, ки дар кишварҳои иқлимашон гарм шиддати гармӣ сабаби зиёда шудани шаҳват дар занон мегардад, бинобар ин, барои коста шудани шаҳвати занон дар ин кишварҳо хатнаи онҳо роиҷ шудааст. Аммо дар кишварҳое, ки иқлими гарм надорад, ин иллат вуҷуд надорад, аз ин рӯ, хатна кардани занон дар ин кишварҳо, аз ҷумла дар урфи мардуми мо роиҷ нест.

Шӯрои уламо (569)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)