#Савол
Феълҳои мутлақ ва давомдор кадомҳоянд? Феълхои мутлак ва давомдор кадомхоянд? (Грамматикаи забони точики / тоҷикӣ)
#Ҷавоб
Феълҳои мутлақ амали ба анҷомрасидаро ифода мекунанд: гирифтам, дидам, хондааст, суҳбат кардем, хонда шудам.
Феълҳои давомдор амали бардавом ва баанҷомнарасидаро ифода мекунанд: мехондам, хонда истода будам, хонда истодаам, мехонад, мегӯяд, меравад.
