Агар вақти хондани Қуръон агар садои азонро шунавем …

0

# Савол

Вақти хондани Қуръон агар садои азонро шунавем, аз тиловат худдорӣ кунем ё ки онро идома диҳем? Вакти хондани Куръон агар садои азонро шунавем, аз тиловат худдори кунем ё ки онро идома дихем?

# Ҷавоб

Агар дар аснои тиловат Қуръон садои азонро шунидед, аз хондан бозистед ва ба ҷавоби азон машғул шавед, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Чун садои муаззинро шунидед, пас он чиро муаззин мегӯяд, шумо ҳам бигӯед”. Пас аз интиҳои азон метавонед, ки ба тиловати Қуръон идома диҳед.

“Нафъул-муфтӣ”, с. 28, Шӯрои уламо (924)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст