Фарзандони Ҳазрати Одам бо ҳамдигар никоҳ мекарданд?

0

# Савол

Ҳазрати Одам (а) барои зиёд шудани насли инсоният фарзандонашро бо ҳамдигар никоҳ кард, ин дуруст аст ё на? Фарзандони Ҳазрати Одам бо ҳамдигар никоҳ мекарданд?

# Ҷавоб

Издивоҷи фарзандон бо якдигар дар замони Одам (а) машруъ буд, вале ин издивоҷ ба шарте раво буд, ки писару духтар аз як батн таваллуд наёфта бошанд. Дар китобҳои таърих зикр шудааст, ки фарзандони Одам (а) аз ҳар батне дугоник таваллуд мешуданд, ки яке писар буду дигаре духтар. Пас, Худованд ба Одам (а) амр намуд, ки ба ҳар писаре хоҳари ҳамбатни бародарашро никоҳ карда диҳад, на хоҳареро, ки ҳамроҳи ӯ аз як батн таваллуд шуда бошад.

Тавре мебинем, дар шариати Одам (а) ҳам барои бародар хоҳари ҳамбатнаш ҳалол набуд.

Аз сабаби он ки дини Ислом ҳукми шариати пайғамбарони пешинро бекор намудааст, аз ин рӯ, дар дини Ислом никоҳи маҳрамон ҳаром аст.

Шӯрои уламо (911)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст