Китоби “Фатвои девбандӣ” ба мазҳаби мо мувофиқ аст?

0

# Савол

Аз баъзеҳо фаҳмидам, ки бо номи “Фатвои девбандӣ” (ё мумкин номаш дигартар бошад) китобе ҳаст. Оё ин китоб ба мазҳаби мо мувофиқ аст? Аз ин китоб истифода барем, мешавад. Муташаккир.

# Ҷавоб

Девбанд мадрасае аст дар кишвари Ҳиндустон, ки тамоми уламои он ҳанафимазҳаб ҳастанд. Китоби “Фатовои Девбанд” китоби муътамад ва муътабар аст, ки олами ҳанафимазҳаб аз он истифода мебаранд. Чунончи китоби “Фатовои Оламгирӣ” ҳам моли ҳамин мадраса аст, ки дар замони Шоҳ Оламгир навишта шудааст ва дар кишвари мо бо номи “Фатовои Ҳиндӣ” маъруф ва машҳур аст.

Шӯрои уламо (795)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)