Фароҳам будани ниёзҳои асосии рӯзгор барои фарз будани закот шарт аст? #6

0

Суоли шаръӣ – 6. Ахкоми закот. Оё фарохам будани ниёзхои асосии рузгор барои фарз будани закот шарт аст?

 


Оё фароҳам будани ниёзҳои асосии рӯзгор барои фарз будани закот шарт аст? Аҳкоми закот

Суол:

Оё шахси мусалмон ҳаминки молаш ба нисоб расад бояд закоти онро пардохт намояд ва ё мебояд нахуст ниёзҳои асоии рӯзгорашро фароҳам намояд, сипас закот барои ӯ фарз мегардад?

Ҷавоби мухтасар: 

Барои фарз гардидани закот бар зиммаи шахс илова бар инки шахс ба андозаи нисоб бояд мол дошта бошад, боз мебояд ниёзҳои асоии рӯзгораш таъмин бошад.

Агар ниёзҳояш фароҳам нашуда бошад, закот бар ӯ фарз нест.

Ҷавоби муфассал:

Нахуст бояд донист, ки ҳар ибодате дар шариат барои фарз гаштанаш бар зиммаи банда шартҳои хоси худро дорад. То шартҳои ҳар ибодат фароҳам нагардад, он ибодат бар банда фарз намегардад.

Барои фарз гаштани закот шартҳои зерин зарур аст:

  1. Мусалмон будани молдор;
  2. Болиғ (шахси ба синни балоғат расида) будан;
  3. Оқил (дорои ақл) будан;
  4. Ба нисоб (поинтарин ҳадди тавонгарӣ, ки шариат миқдори онро дар ҳар навъ дороӣ муқаррар намуда аст) расидани мол;
  5. Қудрат доштани соҳибмол бар тасарруф кардан дар молаш;
  6. Шахси молдор ба миқдоре карздор набошад, ки карз ҳама нисобашро дар бар гирад ва ё нисобашро кам созад;
  7. Сипарӣ гаштанӣ як соли қамарӣ аз рузӣ молик шудани мол;
  8. Агар дороӣ аз ғайри пули нақд бошад, мисли ашё ва коло…нияти тиҷорат доштан дар он ашё;
  9. Аз ниёзҳои асосӣ афзун (бештар, зиёдатӣ) будани он мол.

Фақеҳони ислом ҳар як аз ин шартҳоро, ки дар китобҳои фиқҳ зикр кардаанд аз далелҳои қуръонӣ ва ҳадисӣ истинбот (баровардани масъала аз оят ва ҳадис) кардаанд ва ҳар як ин шартҳо далели хоси худро дорад.

Бинобар ин, (бар асоси се шарти аввал) закот бар шахси кофар, бар кӯдак, бар шахсе, ки аз ақл бегона бошад фарз нест.

Инчунин (бар асоси шарти чаҳорум) шахсе, ки молаш ба нисоб нарасида бошад бар зиммаи ӯ закот фарз нест.

Бар асоси шарти панҷум, шахсе, ки молаш гум шуда аст ва ё молаш ғасб шуда аст, то молашро наёбад ва ё бозпас нагирад, закот фарз нест.

Инчунин (бар асоси шарти шашум) агар шахсе ба миқдори нисоб мол дошта бошад, вале аз каси дигаре қарздор бошад ва баъди ҷудо сохтани миқдори қарз молаш боқӣ намонад ва ё нисобаш кам гардад, барояш закот фарз нест.

Шарти ҳафтум инро ифода мекунад, ки шахс агар чи ба миқдори нисоб мол дошта бошад, вале молаш ҳоло як соли қамарӣ умр надида бошад, барояш закот фарз нест.

Бар асоси шарти ҳафтум, шахсе агар колову ашёи зиёд (ба ҷуз пули нақд ва ба ҷуз моли чорво) дошта бошад, вале дар он ашё нияти тиҷорад надошта бошад, бар зиммаи ӯ закот фарз намегардад.

Бинобар шарти нуҳум, агар шахс маблағи молие дошта бошад, ки ба нисоб расида аст, вале ниёзҳои асосоии рӯзгораш фароҳам набошад (ниёзҳои асосиро баён хоҳем кард, ки шомили чи чизҳост) бар зиммаи ӯ закот фарз нест.

ҲОҶАТҲОИ АСОСӢ ЧИРО ДАР БАР МЕГИРАД?

Фақеҳон шарти нуҳумро, ки иборат аз фароҳам будани ниёзҳои асосии шахс аст, бар асоси ҳадисҳои саҳеҳ ҳамчун шарти фарз гаштани закот зикр кардаанд ва инчунин он ашёеро, ки ба ҳочатҳои асосии шахс дохил аст, номбар кардаанд.

Имом Косонӣ дар “Бадоеъ-ус-саноеъ” гуфт аст:

ومنها : كون المال فاضلا عن الحاجة الأصلية ؛ لأن به يتحقق الغنا ومعنى النعمة ، وهو التنعم ، وبه يحصل الأداء عن طيب النفس ، إذ المال المحتاج إليه حاجة أصلية لا يكون صاحبه غنيا عنه

Яъне:

“Аз ҷумлаи шартҳои фарз гаштани закот ин аст, ки мол аз ниёзҳои асосии соҳибмол афзун бошад. Зеро бо будани ин шарт дар шахс сифати тавонгарӣ ва аз неъмат бархурдор будан ҳосил мегардад ва дар чунин ҳолат закот бо хушии хотир адо мегардад.

Зеро агар шахс чунон моле, дошта бошад, ки барои фароҳам сохтани ҳоҷатҳои аслии худ ба он мол ниёз дорад, чунин шахсро тавонгар гуфта менамешавад.” (ва закот танҳо ба афроди тавонгар фарз аст).

(Ниг: Имом Косонӣ, Бадоеъ-ус-саноеъ, ҷил,2, саҳ,392).

Фақеҳон ашёи зеринро аз ҳоҷатҳои асосии шахс номбар кардаанд:

  • Хонаи истиқоматӣ;
  • Либосҳои худ ва аҳли хонадон;
  • Ашёи хона; (фаршу қолинҳо, ҷевонҳо, яхдону мошинаҳои ҷомашӯӣ ва низ дигар лавозимоти зарурӣ барои ҳар хонадон дар ин аср).
  • Маркаб; (асп ё хару хачир ва ё мошин).
  • Силоҳе, ки барои истифода бошад;
  • Агар шахс усто бошад асбобҳои корӣ;
  • Агар аҳли илму дониш бошад китобҳое, ки ба он ниёз дорад.

Ин ашёро (ба истиснои чизҳои муосир) фақеҳон, Косонӣ, Марғилонӣ, Қудурӣ, Ибни Малак, Насафӣ, Ибни Обидин, Алоуддини шомӣ, Оламгирӣ, аз фақеҳони муосир аллома Ваҳбат Зуҳайлӣ, Иброҳими Салқинӣ ва дигарон зикр кардаанд.

Дар Фатовои Оламгирӣ омада аст:

منها فراغ المال عن حاجته الأصلية، فليس في دور السكنى وثياب البدن وأثاث المنزل ودواب الركوب وعبد الخدمة وسلاح الاستعمال زكاة.

Яъне:

“Дигаре аз шартҳои фарз гаштани закот ин аст, ки мол аз ҳоҷатҳои асосии шахс фориғ (зиёдатӣ) бошад. Бинобар ин, дар хонаи истиқоматӣ, либоси бадан, ашёи хона, савораҳо, ғуломҳои хидматӣ ва силоҳе, ки барои истифода аст, закот фарз нест.”

(Фатовои Шоҳ Оламгир, ҷил, 1, саҳ, 190).

Аллома Юсуфи Қарзовӣ дар китоби худ «Фиқҳ-уз-закот», ки манбаи муҳим ва шомили масъалаҳои закот аст, баъди зикри ин ашё бо нақл аз сухани фақеҳон гуфта аст:

فالمسلم الذي يملك نقودًا تبلغ نصاب الزكاة، ولكنه يحتاج لشراء كسوة الشتاء أو الصيف له ولعياله، أو يحتاجها لشراء قوته وقوت من يمونه لمدة سنة، أو يحتاجها لشراء كتب ضرورية له في فنه إن كان من أهل العلم، أو يحتاجها لسداد دين عليه ليحرر عنقه من هم الليل وذل النهار، أو لغير ذلك من الحاجات.

هذا المسلم لا يعتبر بهذه النقود التي عنده من الأغنياء الذين تجب عليهم الزكاة كما في حديث: “تؤخذ من أغنيائهم” كيف وهو مفتقر إليها فيما لابد له من ضروريات حياته، وحاجاته الأساسية وقد قال – صلى الله عليه وسلم -: “لا صدقة إلا عن ظهر غنى”

“Бинобар ин, мусалмоне, ки миқдоре мол дошта бошад, ки ба нисоб расад, вале ӯ барои харидорӣ намудани либосиҳои тобистона ва ё зимистона ва ё барои харидории ғизои хонаводааш барои як сол, ва ё агар аз аҳли илм бошад, барои харидории китобҳое, ки ба он ниёз дорад ва ё барои пардохти қарзе ва ё барои фароҳам намудани дигар ашёи зарурии худ ба он мол ниёз дошта бошад, ингуна шахси молдор аз ҷумлаи тавонгароне, ки ба онон закот фарз аст, ба ҳисоб намеравад. Дар ҳадис омада аст, ки “Закот аз тавонгарон гирифта ба камбағалон дода шавад”. Чигуна ба чунин шахс закот фарз гардад, ки ӯ худ ба он мол муҳтоҷ аст ва мебояд ниёзҳои аосии ва ҳаётии худро фароҳам созад?! Паёмбар (с) фармудаанд: “Садақае (фарз) нест, магар барои тавонгарон.”

(Ниг: Аллома Юсуфи Қарзовӣ, Фиқҳ-уз-закот, саҳ, 248).


Сарчашмаҳо:

  • Алоуддини Косонӣ, Бадоеъ-ус-саноеъ.
  • Ибни Обидин, Радд-ул-муҳтор.
  • Шурумбулолӣ, Мароқи-л-фалоҳ.
  • Шоҳи Оламгир, Фатовои Оламгир.
  • Ибни Нуҷайми мисрӣ, Баҳр-ур-роиқ.
  • Иброҳими Салқинӣ, Фиқҳу-л- исломӣ.
  • Ваҳбат Зуҳайлӣ, Донишномаи фиқҳи исломӣ.
  • Юсуфи Қарзовӣ, Фиқҳ-уз-закот.

Суоли 6, Иброҳими Саиднуриддин, санаи ҷавоб: 02.06.2022.


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)