Фахриддини Розӣ кист?

0

# Савол

Фахриддини Розӣ кист?

# Ҷавоб

Фахриддини Розӣ (1149-1209) намояндаи машҳури мактаби фалсафии калом аст, ки дар рушду равнақи ин мактаб хизматҳои шоён кардааст. Мутафаккир ақидаҳои фалсафию илмияшро дар асари худ «Мабоиҳис-ул-машриқия», «Муҳассалу афкор ил-мутақаддимин вал мутаахирин мин ал-уламо вал ҳукамо вал мутакаллиммин», «Рисолат-ул-камолия фил ҳақоиқ ил-илоҳия», «Матолиб-ул-олия», «Асос-ут-тақдис», «Асрор-ут-танзил», «Китоб-ул-арбаин фиусул-ид-дин», «Бароҳин дар илми калом», «Мафотиҳ–ул-ғайб», «Ҷомеъ-ул-улум» ва ғайра баён намудааст.

Фахриддини Розӣ давомдиҳандаи равияи фалсафии Муҳаммади Ғазолӣ аст назариёти худро дар хилофи файласуфони машшоӣ равона сохтааст.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)